Ғазал: «Дардам аз ёр асту дармон низ ҳам»

Ғазали шумораи 363

Дардам аз ёр асту дармон низ ҳам,
Дил фидои ӯ шуду ҷон низ ҳам.

Ин ки мегӯянд: он хуштар зи ҳусн,
Ёри мо ин дораду он низ ҳам.

Ёд бод он, к-ӯ ба қасди хуни мо
Зулфро бишкасту паймон низ ҳам.

Дӯстон, дар парда мегӯям сухан,
Гуфта хоҳад шуд ба дастон низ ҳам.

Чун сар омад давлати шабҳои васл,
Бигзарад айёми ҳиҷрон низ ҳам.

Ҳар ду олам як фурӯғи рӯйи ӯст,
Гуфтамаш пайдову пинҳон низ ҳам.

Эътимоде нест бар кори ҷаҳон,
Балки бар гардуни гардон ииз ҳам.

Ошиқ аз қозӣ натарсад, май биёр,
Балки аз ярғуи девон низ ҳам

Муҳтасиб донад, ки Ҳофиз ошиқ аст
В-Осафи мулки Сулаймон низ ҳам.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *