Ғазал: «Эй офтоб ойинадори ҷамоли ту»

Ғазали шумораи 408

Эй офтоб ойинадори ҷамоли ту,
Мушки сиёҳ миҷмарагардони холи ту.

Саҳни сарои дида бишустам, вале чӣ суд,
К-ин гӯша нест дархури хайли хаёли ту.

Дар авҷи нозу неъматӣ, эй офтоби ҳусн,
Ё Раб, мабод то ба қиёмат заволи ту!

Матбӯътар зи нақши ту сурат набаст боз
Туғронависи абруи мушкинмисоли ту.

Дар чини зулфаш, эй дили мискин, чӣ гунаӣ?
К-ошуфта гуфт боди сабо шарҳи ҳоли ту.

Бархост бӯйи гул, зи дари оштӣ дарой,
Эй навбаҳори мо рухи фархундафоли ту.

То осмон зи ҳалқабагӯшони мо шавад,
Ку ишвае зи абруи ҳамчун ҳилоли ту?

То пеши бахт бозравам таҳнияткунон,
Ку муждае зи мақдами иди висоли ту?

Ин нуқтаи сиёҳ, ки омад мадори нур,
Аксест дар ҳадиқаи биниш зи холи ту.

Дар пеши шоҳ арзи кадомин ҷафо кунам
Шарҳи ниёзмандии худ ё малоли ту?

Ҳофиз, дар ин каманд сари саркашон басест,
Савдои каҷ мапаз, ки набошад маҷоли ту.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *