Ғазал: «Айшам мудом аст аз лаъли дилхоҳ»

Ғазали шумораи 417

Айшам мудом аст аз лаъли дилхоҳ,
Корам ба ком аст, алҳамдулиллоҳ.

Эй бахти саркаш, тангаш ба баркаш,
Гаҳ ҷоми зар каш, гаҳ лаъли дилхоҳ.

Моро ба риндӣ афсона карданд
Пирони ҷоҳил, шайхони гумроҳ.

Аз дасти зоҳид кардем тавба
В-аз феъли обид астағфируллоҳ!

Ҷоно, чӣ гӯям шарҳи фироқат?
Чашмею сад нам,ҷонею сад оҳ!

Кофир мабинод ин ғам, ки дидаст
Аз қоматат сарв, аз оразат моҳ!

Шавқи лабат бурд аз ёди Ҳофиз
Дарси шабона, вирди саҳаргоҳ.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *