Ғазал: «Ҳазор ҷаҳд бикардам, ки ёри ман бошӣ»

Ғазали шумораи 457

Ҳазор ҷаҳд бикардам, ки ёри ман бошӣ,
Муродбахши дили беқарори ман бошӣ.

Чароғи дидаи шабзиндадори ман гардӣ.
Аниси хотири уммедвори ман бошӣ.

Чу хусравони малоҳат ба бандагон нозанд,
Ту дар миёна худовандгори ман бошӣ.

Аз он ақиқ, ки хуниндилам зи ишваи ӯ,
Агар кунам гилае, ғамгусори ман бошӣ.

Дар он чаман, ки бутон дасти ошиқон гиранд,
Гарат зи даст барояд, нигори ман бошӣ.

Шабе ба кулбаи аҳзони ошиқон ойӣ,
Даме аниси дили сӯгвори ман бошӣ.

Шавад ғазолаи хуршед сайди лоғари ман,
Гар оҳуе чу ту як дам шикори ман бошӣ.

Се бӯса, к-аз ду лабат кардаӣ вазифаи ман,
Агар адо накунӣ, қарздори ман бошӣ.

Ман ин мурод бибинам ба худ, ки нимишабе
Ба ҷои ашки равон дар канори ман бошӣ.

Ман арчи Ҳофизи шаҳрам, ҷаве намеарзам,
Магар ту аз карами хеш ёри ман бошӣ.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *