Ғазал: «Саҳарам ҳотифи майхона ба давлатхоҳӣ»

Ғазали шумораи 488

Саҳарам ҳотифи майхона ба давлатхоҳӣ
Гуфт: «Боз ой, ки деринаи ин даргоҳӣ.

Ҳамчу Ҷам ҷуръаи май каш, ки зи сирри ду ҷаҳон
Партави ҷоми ҷаҳонбин диҳадат огоҳӣ».

Бар дари майкада риндони қаландар бошанд,
Ки ситонанду диҳанд афсари шоҳаншоҳӣ.

Хишт зери сару бар тораки ҳафт ахтар пой,
Дасти қудрат нигару мансаби соҳибҷоҳӣ.

Сари мову дари майхона, ки тарфи бомаш
Ба фалак бар шуду девор бад-ин кӯтоҳӣ.

Қатъи ин марҳала бе ҳамраҳии Хизр макун,
Зулумот аст, битарс аз хатари гумроҳӣ.

Агарат салтанати фақр бибахшанд, эй дил,
Камтарин мулки ту аз моҳ бувад то моҳӣ.

Ту дари фақр надонӣ задан, аз даст мадеҳ
Маснади хоҷагию маҷлиси туроншоҳӣ.

Ҳофизи хомтамаъ, шарме аз ин қисса бидор,
Амалат чист, ки фирдавси барин мехоҳӣ?

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *