Ғазал: «Дар ҳама дайри муғон нест чу ман шайдое»

Ғазали шумораи 490

Дар ҳама дайри муғон нест чу ман шайдое,
Хирқа ҷое гарави бодаву дафтар ҷое.

Дил, ки ойинаи софист, ғуборе дорад,
Аз Худо металабам суҳбати равшанрое.

Кардаам тавба ба дасти санами бодафурӯш,
Ки дигар май нахурам бе рухи базморое.

Наргис ар лоф зад аз шеваи чашми ту, маранҷ,
Нараванд аҳли назар аз пайи нобиное.

Шарҳи ин қисса магар шамъ барорад ба забон,
В-арна, парвона надорад ба сухан парвое.

Ҷӯйҳо бастаам аз дида ба домон, ки магар
Дар канорам бинишонанд саҳиболое.

Киштии бода биёвар, ки маро бе рухи дӯст
Гашта ҳар гӯшаи чашм аз ғами дил дарёе.

Сухани ғайр магӯ бо мани маъшуқапараст,
К-аз ваю ҷоми маям нест ба кас парвое.

Ин ҳадисам чӣ хуш омад, ки саҳаргаҳ мегуфт
Бар дари майкадае бо дафу най тарсое:

«Гар мусалмонӣ аз ин аст, ки Ҳофиз дорад,
Оҳ, агар аз пайи имрӯз бувад фардое!»

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *