Ғазал: «Равнақи аҳди шабоб аст дигар бустонро»

Ғазали шумораи 9

Равнақи аҳди шабоб аст дигар бустонро,
Мерасад муждаи гул булбули хушалҳонро.

Эй сабо, гар ба ҷавонони чаман бозрасӣ,
Хидмати мо бирасон сарву гулу райҳонро.

Гар чунин ҷилва кунад муғбачаи бодафурӯш,
Хокрӯби дари майхона кунам мижгонро.

Эй ки бар маҳ кашӣ аз анбари соро чавгон,
Музтарибҳол магардон мани саргардонро.

Тарсам ин қавм, ки бар дурдкашон механданд,
Дар сари кори харобот кунанд имонро.

Ёри мардони Худо бош, ки дар киштии Нӯҳ
Ҳаст хоке, ки ба обе нахарад тӯфонро.

Бирав аз хонаи гардун ба дару нон маталаб,
К-ин сияҳкоса дар охир бикушад меҳмонро.

Ҳар киро хобгаҳи охир муште хок аст,
Гӯ, чӣ хоҷат, ки ба афлок кашӣ айвонро?

Моҳи канъонии ман, маснади Миср они ту шуд.
Вақти он аст, ки падруд кунӣ зиндонро.

Ҳофизо, май хуру риндӣ куну хуш бош, вале
Доми тазвир макун чун дигарон Қуръонро.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *