Ғазал: «Дӯш аз масҷид суи майхона омад пири мо»

Ғазали шумораи 10

Дӯш аз масҷид суи майхона омад пири мо,
Чист, ёрони тариқат, баъд аз ин тадбири мо?

Мо, муридон, рӯй сӯи қибла чун орем, чун
Рӯй сӯи хонаи хаммор дорад пири мо?!

Дар хароботи тариқат мо ба ҳам манзил шавем,
К-инчунин рафтаст дар аҳди азал тақдири мо.

Ақл агар донад, ки дил дар банди зулфаш чун хуш аст,
Оқилон девона гарданд аз паи занҷири мо.

Рӯй хубат ояте аз лутф бар мо кашф кард,
З-он замон ҷуз лутфу хубӣ нест дар тафсири мо.

Бо дили сангинат оё ҳеч даргирад шабе
Оҳи оташноку сӯзи синаи шабгири мо?

Тири оҳи мо зи гардун бигзарад, Ҳофиз, хамӯш,
Раҳм кун бар ҷони худ, парҳез кун аз тири мо!

Ҳрфизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *