Ғазал: «Эй фурӯғи моҳи ҳусн аз рӯйи рахшони шумо!»

Ғазали шумораи 12

Эй фурӯғи моҳи ҳусн аз рӯйи рахшони шумо!
Обрӯи хубӣ аз чоҳи занахдони шумо!

Азми дидори ту дорад ҷони барлабомада,
Бозгардад ё барояд, чист фармони шумо?

Кас ба даври наргисат тарфе набаст аз офият,
Беҳ, ки нафрӯшанд мастурӣ ба мастони шумо.

Бахти хоболуди мо бедор хоҳад шуд магар,
З-он ки зад бар дида обе рӯйи рахшони шумо.

Бо сабо ҳамроҳ бифрист аз рухат гулдастае,
Бу, ки бӯе бишнавем аз хоки бустони шумо.

Умратон боду мурод, эй соқиёни базми Ҷам,
Гарчи ҷоми мо нашуд пурмай ба даврони шумо.

Дил харобӣ мекунад, дилдорро огаҳ кунед,
Зинҳор, эй дӯстон, ҷони ману ҷони шумо!

Кай диҳад даст ин ғараз, ё Раб, ки ҳамдастон шаванд
Хотири маҷмӯи мо, зулфи парешони шумо?

Дур дор аз хоку хун доман, чу бар мо бигзарӣ,
К-андар ин раҳ кушта бисёранд қурбони шумо.

Мекунад Ҳофиз дуое, бишнав, омине бигӯ:
Рӯзии мо бод лаъли шаккарафшони шумо!

Эй сабо, бо сокинони шаҳри Язд аз мо бигӯ,
К-эй сари ҳақношиносон гӯйи чавгони шумо!

Гарчи дурем аз бисоти қурб, ҳиммат дур нест,
Бандаи шоҳи шумоему санохони шумо.

Эй шаҳаншоҳи баландахтар, Худоро, ҳиммате,
То бибӯсам ҳамчу ахтар хоки айвони шумо.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *