Ғазал: «Хаме, ки абруи шӯхи ту дар камон андохт»

Ғазали шумораи 16

Хаме, ки абруи шӯхи ту дар камон андохт,
Ба қасди ҷони мани зори нотавон андохт.

Набуд ранги ду олам, ки нақши улфат буд,
Замона тарҳи муҳаббат на ин замон андохт.

Ба як карашма, ки наргис ба худфурӯшӣ кард,
Фиреби чашми ту сад фитна дар ҷаҳон андохт.

Шаробхӯрдаву хайкарда меравӣ ба чаман,
Ки обрӯи ту оташ дар арғавон андохт.

Ба базмгоҳи чаман дӯш маст бигзаштам,
Чу аз даҳони туам ғунча дар гумон андохт.

Бунафша турраи мафтули худ гиреҳ мезад,
Сабо ҳикояти зулфи ту дар миён андохт.

Зи шарми он ки ба рӯйи ту нисбаташ кардам,
Суман ба дасти сабо хок дар даҳон андохт.

Ман аз вараъ маю мутриб надидаме з-ин пеш,
Ҳавои муғбачагонам дар ину он андохт.

Кунун ба оби майи лаъл хирқа мешӯям,
Насибаи азал аз худ наметавон андохт.

Магар кушоиши Ҳофиз дар ин харобӣ буд,
Ки бахшиши азалаш дар майи муғон андохт.

Ҷаҳон ба коми ман акнун шавад, ки даври замон
Маро ба бандагии Хоҷаи ҷаҳон андохт.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *