Ғазал: «Эй насими саҳар, оромгаҳи ёр куҷост?»

Ғазали шумораи 19

Эй насими саҳар, оромгаҳи ёр куҷост?
Манзили он маҳи ошиқкуши айёр куҷост?

Шаби тор асту раҳи водии Айман дар пеш,
Оташи Тур куҷо, мавъиди дидор куҷост?

Ҳар кӣ омад ба ҷаҳон, нақши харобӣ дорад,
Дар харобот, бигӯед, ки ҳушёр куҷост?

Он кас аст аҳли башорат, ки ишорат донад,
Нуктаҳо ҳаст басе, маҳрами асрор куҷост?

Ҳар сари мӯйи маро бо ту ҳазорон кор аст,
Мо куҷоему маломатгари бекор куҷост?

Бозпурсед зи гесӯи шикан дар шиканаш,
К-ин дили ғамзада саргашта гирифтор куҷост?

Ақл девона шуд, он силсилаи мушкин ку,
Дил зи мо гӯша гирифт, абруи дилдор куҷост?

Соқию мутрибу май ҷумла муҳайёст, вале
Айш бе ёр муҳанно нашавад, ёр куҷост?

Ҳофиз, аз боди хазон дар чамани даҳр маранҷ,
Фикри маъқул бифармо, гули бехор куҷост?

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *