Ғазал: «Субҳдам мурғи чаман бо гули навхоста гуфт…»

Ғазали шумораи 81

Субҳдам мурғи чаман бо гули навхоста гуфт:
«Ноз кам кун, ки дар ин боғ басе чун ту шукуфт!»

Гул бихандид, ки «Аз рост наранҷем, вале
Ҳеч ошиқ сухани талх ба маъшуқ нагуфт».

Гар тамаъ дорӣ аз он ҷоми мурассаъ майи лаъл,
Эй басо дур, ки ба нӯги мижаат бояд суфт.

То абад бӯи муҳаббат ба машомаш нарасад,
Ҳар кӣ хоки дари майхона ба рухсора наруфт.

Дар гулистони Ирам дӯш чу аз лутфи ҳаво
Зулфи сунбул ба насими саҳарӣ меошуфт.

Гуфтам: «Эй маснади Ҷам, ҷоми ҷаҳонбинат ку?»
Гуфт: «Афсӯс, ки он давлати бедор бихуфт».

Сухани ишқ на он аст, ки ояд ба забон,
Соқиё, май деҳу кӯтоҳ кун ин гуфтушунуфт,

Ашки Ҳофиз хираду сабр ба дарё андохт,
Чӣ кунад? Сӯзи ғами ишқ наёрист ниҳуфт.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *