Ғазал: «Соқӣ, биёр бода, ки моҳи сиём рафт»

Ғазали шумораи 84

Соқӣ, биёр бода, ки моҳи сиём рафт,
Дардеҳ қадаҳ, ки мавсими номусу ном рафт.

Вақти азиз рафт, биё, то қазо кунем
Умре, ки бе ҳузури суроҳию ҷом рафт.

Мастам кун ончунон, ки надонам зи бехудӣ,
Дар арсаи хаёл кӣ омад, кадом рафт.

Бар бӯйи он ки ҷуръаи ҷомат ба мо расад,
Дар мастаба дуои ту ҳар субҳу шом рафт.

Дилро, ки мурда буд, ҳаёте ба ҷон расид.
То бӯе аз насими маяш дар машом рафт.

Зоҳид ғурур дошт, саломат набурд роҳ,
Ринд аз сари ниёз ба доруссалом рафт.

Нақди диле, ки буд маро, сарфи бода шуд,
Қалби сиёҳ буд, аз он дар ҳаром рафт.

Дар тоби тавба чанд тавон сӯхт ҳамчу уд?
Май деҳ, ки умр дар сари савдои хом рафт.

Дигар макун насиҳати Ҳофиз, ки раҳ наёфт,
Гумгаштае, ки бодаи нобаш ба ком рафт.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *