Ғазал: «Ҳуснат ба иттифоқи малоҳат ҷаҳон гирифт»

Ғазали шумораи 87

Ҳуснат ба иттифоқи малоҳат ҷаҳон гирифт,
Оре, ба иттифоқ ҷаҳон метавон гирифт.

Ифшои рози хилватиён хост кард шамъ,
Шукри Худо, ки сирри дилаш дар забон гирифт.

З-ин оташи ниҳуфта, ки дар синаи ман аст,
Хуршед шуълаест, ки дар осмон гирифт.

Мехост гул, ки дам занад аз рангу бӯи дӯст,
Аз ғайрати сабо нафасаш дар даҳон гирифт.

Осуда бар канор чу паргор мешудам,
Даврон чу нуқта оқибатам дар миён гирифт.

Он рӯз шавқи соғари май хирманам бисӯхт,
К-оташ зи акси орази соқӣ дар он гирифт.

Хоҳам шудан ба кӯи муғон остинфишон,
З-ин фитнаҳо, ки домани охирзамон гирифт.

Май хур, ки ҳар кӣ охири кори ҷаҳон бидид,
Аз ғам сабук баромаду ратли гарон гирифт.

Бар барги гул ба хуни шақоиқ навиштаанд,
К-он кас, ки пухта шуд, майи чун арғавон гирифт.

Ҳофиз, чу оби лутф зи назми ту мечакад,
Ҳосид чӣ гуна нукта тавонад бар он гирифт?

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *