Ғазал: «Эй ҳудҳуди сабо, ба Сабо мефиристамат»

Ғазали шумораи 90

Эй ҳудҳуди сабо, ба Сабо* мефиристамат,
Бигар, ки аз куҷо ба куҷо мефиристамат.

Ҳайф аст тоире чу ту дар хокдони ғам,
З-ин ҷо ба ошёни вафо мефиристамат.

Дар роҳи ишқ марҳалаи қурбу буъд нест,
Мебинамат аёну дуо мефиристамат.

Ҳар субҳу шом қофилае аз дуои хайр
Дар суҳбати шамолу сабо мефиристамат.

То лашкари ғамат накунад мулки дил хароб,
Ҷони азизи худ ба наво мефиристамат.

Эй ғоиб аз назар, ки шудӣ ҳамнишни дил,
Мегӯямат дуову сано мефиристамат.

Дар рӯйи худ тафарруҷи сунъи Худой кун,
К-ойинаи худойнамо мефиристамат.

То мутрибон зи шавқи манат огаҳӣ диҳанд,
Қавлу ғазал ба созу наво мефиристамат.

Соқӣ, биё, ки ҳотифи ғайбам ба мужда гуфт:
«Бо дард сабр кун, ки даво мефиристамат».

Ҳофиз, суруди маҷлиси мо зикри хайри туст,
Биштоб, ҳон ки асбу қабо мефиристамат.

Ҳофизи Шерозӣ


* Номи шаҳр аст, ки Билқис маликаи он буд ва Ҳудҳуд ӯро ба дӯстӣ ва байъат бо Сулаймон алайҳиссалом даъват мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *