Ғазал: «Мудомам маст медорад насими ҷаъди гесӯят»

Ғазали шумораи 95

Мудомам маст медорад насими ҷаъди гесӯят,
Харобам мекунад ҳар дам фиреби чашми ҷодуят.

Пас аз чандин шикебоӣ шабе, ё Раб, тавон дидан,
Ки шамъи дида афрӯзем дар меҳроби абрӯят?

Саводи лавҳи бинишро азиз аз баҳри он дорам,
Ки ҷонро нусхае бошад зи нақши холи ҳиндуят.

Ту гар хоҳӣ, ки ҷовидон ҷаҳон яксар биёроӣ,
Саборо гӯ, ки бардорад замоне бурқаъ аз рӯят.

В-агар расми фано хоҳӣ, ки аз олам барандозӣ,
Барафшон, то фурӯ резад ҳазорон ҷон зи ҳар мӯят.

Ману боди сабо мискин, ду саргардони беҳосил,
Ман аз афсуни чашмат масту ӯ аз бӯйи гесӯят.

Зиҳӣ ҳиммат, ки Ҳофизрост, к-аз дунёву аз уқбо
Наёяд ҳеч дар чашмаш ба ҷуз хоки сари кӯят.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *