Ғазал: «Хусраво, гӯйи фалак дар хами чавгони ту бод!»

Ғазали шумораи 108

Хусраво, гӯйи фалак дар хами чавгони ту бод!
Соҳати кавну макон арсаи майдони ту бод!

Зулфи хотуни зафар шефтаи парчами туст,
Дидаи фатҳи абад ошиқи ҷавлони ту бод!

Эй ки иншои Уторид сифати шавкати туст,
Ақли кул чокари туғрокаши девони ту бод!

Тираи ҷилваи тӯбо қади чун сарви ту шуд,
Ғайрати хулди барин соҳати бустони ту бод!

На ба танҳо ҳаявоноту набототу ҷамод,
Ҳар чӣ дар олами амр аст, ба фармони ту бод!

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *