Ғазал: «Ёрам чу қадаҳ ба даст гирад»

Ғазали шумораи 148

Ёрам чу қадаҳ ба даст гирад,
Бозори бутон шикаст гирад.

Ҳар кас, ки бидид чашми ӯ, гуфт:
«Ку муҳтасибе, ки маст гирад?»

Дар баҳр фитодаам чу моҳӣ,
То ёр маро ба шаст гирад.

Дар пош фитодаам ба зорӣ,
Оё бувад, он ки даст гирад?

Хуррам дили он, ки ҳамчу Ҳофиз
Ҷоме зи майи аласт гирад.

Ҳофизи Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *