Hafez

Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро

Ғазали 5

Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро,
Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро.

Киштинишастагонем, эй боди шурта, бархез,
Бошад, ки боз бинем дидори ошноро.

Даҳрӯза меҳри гардун афсона асту афсун,
Некӣ ба ҷои ёрон фурсат шумор, ёро.

Дар ҳалқаи гулу мул хуш хонд дӯш булбул,
Ҳоти-с-сабӯҳа ҳуббу ё айюҳа-с-сукоро!

Эй соҳиби каромат, шукронаи саломат,
Рӯзе тафаққуде кун дарвеши бенаворо.

Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст:
Бо дӯстон мурувват, бо душманон мудоро.

Дар кӯи некномӣ моро гузар надоданд,
Гар ту намеписандӣ, тағйир кун қазоро.

Он талхваш, ки сӯфӣ уммулхабоисаш хонд,
Ашҳолано ва аҳло мин қублат-ил-изоро.

Ҳангоми тангдастӣ дар айш кӯшу мастӣ,
К-ин кимиёи ҳастӣ Қорун кунад гадоро.

Саркаш машав, ки чун шамъ аз ғайратат бисӯзад
Дилбар, ки дар кафи ӯ мум аст санги хоро.

Ойинаи Сикандар ҷоми май аст, бингар,
То бар ту арза дорад аҳволи мулки Доро.

Туркони порсигӯ бахшандагони умранд,
Соқӣ, бидеҳ башорат риндони порсоро.

Ҳофиз ба худ напӯшид ин хирқаи майолуд,
Эй шайхи покдоман, маъзур дор моро!

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед