Hafez

Равнақи аҳди шабоб аст дигар бустонро

Ғазали 9

Равнақи аҳди шабоб аст дигар бустонро,
Мерасад муждаи гул булбули хушалҳонро.

Эй сабо, гар ба ҷавонони чаман бозрасӣ,
Хидмати мо бирасон сарву гулу райҳонро.

Гар чунин ҷилва кунад муғбачаи бодафурӯш,
Хокрӯби дари майхона кунам мижгонро.

Эй ки бар маҳ кашӣ аз анбари соро чавгон,
Музтарибҳол магардон мани саргардонро.

Тарсам ин қавм, ки бар дурдкашон механданд,
Дар сари кори харобот кунанд имонро.

Ёри мардони Худро бош, ки дар киштии Нӯҳ
Ҳаст хоке, ки ба обе нахарад тӯфонро.

Бирав аз хонаи гардун ба дару нон маталаб,
К-ин сияҳкоса дар охир бикушад меҳмонро.

Хар киро хобгаҳи охир муште хок аст,
Гӯ, чӣ хоҷат, ки ба афлок кашӣ айвонро?

Моҳи канъонии ман, маснади Миср они ту шуд.
Вақти он аст, ки падруд кунӣ зиндонро.

Ҳофизо, май хуру риндӣ куну хуш бош, вале
Доми тазвир макун чун дигарон Қуръонро.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед