Hafez

Дилу динам шуду дилбар ба маломат бархост

Ғазали 21

Дилу динам шуду дилбар ба маломат бархост,
Гуфт: – Бо мо манишин, к-аз ту саломат бархост.

Кӣ шунидӣ, ки дар ин базм даме хуш бинишаст,
Ки на дар охири суҳбат ба надомат бархост?

Шамъ агар з-он лаби хандон ба забон лофе зад,
Пеши ушшоқи ту шабҳо ба ғаромат бархост.

Дар чаман боди баҳорӣ зи канори гулу сарв
Ба ҳаводории он оразу қомат бархост.

Маст бигзаштию аз хилватиёни малакут
Ба тамошои ту ошӯби қиёмат бархост.

Пеши рафтори ту по барнагирифт аз хиҷлат
Сарви саркаш, ки ба ноз аз қаду қомат бархост.

Ҳофиз, ин хирқа бияндоз, магар ҷон бибарӣ,
К-оташ аз хирмани солусу каромат бархост.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед