Hafez

Биё, ки қасри амал сахт сустбунёд аст

Ғазали 37

Биё, ки қасри амал сахт сустбунёд аст,
Биёр бода, ки бунёди умр бар бод аст.

Ғуломи ҳиммати онам, ки зери чархи кабуд
Зи ҳар чӣ ранги тааллуқ пазирад, озод аст.

Чӣ гӯямат, ки ба майхона дӯш масту хароб
Суруши олами ғайбам чӣ муждаҳо додаст,

Ки «Эй баландназар, шоҳбози сидранишин,
Нишемани ту на ин кунҷи меҳнатобод аст».

Туро зи кунгураи арш мезананд сафир,
Надонамат, ки дар ин домгаҳ чӣ афтодаст?

Насиҳате кунамат, ёд гиру дар амал ор,
Ки ин ҳадис зи пири тариқатам ёд аст.

Ғами ҷахон махуру панди ман мабар аз ёд,
Ки ин латифаи ишқам зи раҳраве ёд аст.

Ризо ба дода бидеҳ в-аз ҷабин гиреҳ бикшой,
Ки бар ману ту дари ихтиёр накшодаст.

Маҷӯ дурустии аҳд аз ҷаҳони сустниҳод,
Ки ин аҷуз арӯси ҳазор домод аст.

Нишони аҳду вафо нест дар табассуми гул,
Бинол, булбули бедил, ки ҷойи фарёд аст.

Ҳасад чӣ мебарӣ, эй сустназм, бар Ҳофиз,
Қабули хотиру лутфи сухан худодод аст.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед