Hafez

Ҳоли дил бо ту гуфтанам ҳавас аст

Ғазали 42

Ҳоли дил бо ту гуфтанам ҳавас аст,
Хабари дил шунуфтанам ҳавас аст.

Тамаъи хом бин, ки қиссаи фош
Аз рақибон ниҳуфтанам ҳавас аст.

Шаби қадре чунин азизу шариф
Бо ту то рӯз хуфтанам ҳавас аст.

Ваҳ, ки дурдонае чунин нозук
Дар шаби тор суфтанам ҳавас аст.

Эй сабо, имшабам мадад фармой,
Ки саҳаргаҳ шукуфтанам ҳавас аст.

Аз барои шараф ба нӯги мижа
Хоки роҳи ту руфтанам ҳавас аст.

Ҳамчу Ҳофиз ба рағми муддаиён
Шеъри риндона гуфтанам ҳавас аст.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед