Hafez

Ба кӯи майкада ҳар солике, ки раҳ донист

Ғазали 47

Ба кӯи майкада ҳар солике, ки раҳ донист,
Даре дигар задан андешаи табаҳ донист.

Замона афсари риндӣ надод ҷуз ба касе,
Ки сарфарозии олам дар ин кулаҳ донист.

Бар остонаи майхона ҳар кӣ ёфт раҳе,
Зи файзи ҷоми май асрори хонақаҳ донист.

Ҳар он ки рози ду олам зи хатти соғар хонд,
Румузи ҷоми Ҷам аз нақши хоки раҳ донист.

Варои тоати девонагон зи мо маталаб,
Ки шайхи мазҳаби мо оқилӣ гунаҳ донист.

Дилам зи наргиси соқӣ амон нахост ба ҷон,
Чаро ки шеваи он турки дилсияҳ донист.

Зи ҷаври кавкаби толеъ саҳаргаҳон чашмам
Чунон гирист, ки Ноҳид диду маҳ донист.

Хуш он назар, ки лаби ҷому рӯйи соқиро
Ҳилоли якшабаву моҳи чордаҳ донист.

Ҳадиси Ҳофизу соғар, ки мезанад пинҳон,
Чӣ ҷои муҳтасибу шаҳна, подшаҳ донист.

Баландмартаба шоҳе, ки нуҳ равоқи сипеҳр
Намунае зи хами тоҷи боргаҳ донист.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед