Hafez

Равзаи хулди барин хилвати дарвешон аст

Ғазали 49

Равзаи хулди барин хилвати дарвешон аст,
Мояи муҳташамӣ хидмати дарвешон аст.

Ганҷи узлат, ки тилисмоти аҷоиб дорад,
Фатҳи он дар назари раҳмати дарвешон аст.

Қасри фирдавс, ки Ризвон-ш ба дарбонӣ рафт,
Манзаре аз чамани нузҳати дарвешон аст.

Он чи зар мешавад аз партави он қалби сиёҳ,
Кимиёест, ки дар суҳбати дарвешон аст.

Он ки пешаш биниҳад тоҷи такаббур хуршед,
Кибриёест, ки дар ҳашмати дарвешон аст.

Давлатеро, ки набошад ғам аз осеби завол,
Бетакаллуф бишунав, давлати дарвешон аст.

Хусравон қиблаи ҳоҷоти ҷаҳонанд, вале
Сабабаш бандагии ҳазрати дарвешон аст.

Рӯйи мақсуд, ки шоҳон ба дуо металабанд,
Мазҳараш ойинаи талъати дарвешон аст.

Аз карон то ба карон лашкари зулм аст, вале
Аз азал то ба абад фурсати дарвешон аст.

Эй тавонгар, мафӯруш ин ҳама нахват, ки туро
Сару зар дар канафи ҳиммати дарвешон аст.

Ганҷи Қорун, ки фурӯ меравад аз қаҳр ҳанӯз,
Хонда бошӣ, ки ҳам аз ғайрати дарвешон аст.

Ҳофиз, ар оби ҳаёти абадӣ мехоҳӣ,
Манбааш хоки дари хилвати дарвешон аст.

Ман ғуломи назари Осафи аҳдам, к-ӯро
Сурати хоҷагию сирати дарвешон аст.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед