Hafez

Рӯзгорест, ки савдои бутон дини ман аст

Ғазали 52

Рӯзгорест, ки савдои бутон дини ман аст,
Ғами ин кор нишоти дили ғамгини ман аст.

Дидани рӯи туро дидаи ҷонбин бояд
В-ин куҷо мартабаи чашми ҷаҳонбини ман аст?

Ёри ман бош, ки зеби фалаку зинати даҳр
Аз маҳи рӯйи туву ашки чу Парвини ман аст.

То маро ишқи ту таълими сухан гуфтан кард,
Халқро вирди забон мидҳату таҳсини ман аст.

Давлати фақр, Худоё, ба ман арзонӣ дор,
К-ин каромат сабаби ҳашмату тамкини ман аст.

Воизи шаҳнашинос ин азамат, гӯ, мафурӯш,
З-он ки манзилгаҳи султон дили мискини ман аст.

Ё Раб, ин Каъбаи мақсуд тамошогаҳи кист,
Ки муғелони тариқаш гулу насрини ман аст?

Ҳофиз, аз ҳашмати Парвиз дигар қисса махон,
Ки лабаш ҷуръакаши Хусрави ширини ман аст.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед