Hafez

Зи гиря мардуми чашмам нишаста дар хун аст

Ғазали 54

Зи гиря мардуми чашмам нишаста дар хун аст,
Бибин, ки дар талабат ҳоли мардумон чун аст.

Ба ёди лаъли туву чашми масти майгунат
Зи ҷоми ғам майи лаъле, ки мехурам, хун аст.

Зи машриқи сари кӯй офтоби талъати ту
Агар тулӯъ кунад, толеъам ҳумоюн аст.

Ҳикояти лаби Ширин каломи Фарҳод аст,
Шиканҷи турраи Лайлӣ мақоми Маҷнун аст.

Дилам биҷӯ, ки қадат ҳамчу сарв дилҷӯяст,
Сухан бигӯ, ки каломат латифу мавзун аст.

Зи даври бода ба ҷон роҳате расон, соқӣ,
Ки ранҷи хотирам аз ҷаври даври гардун аст.

Аз он даме, ки зи чашмам бирафт рӯди азиз,
Канори домани ман ҳамчу рӯди Ҷайҳун аст.

Чӣ гуна шод шавад андаруни ғамгинам
Ба ихтиёр, ки аз ихтиёр берун аст.

Зи бехудӣ талаби ёр мекунад Ҳофиз,
Чу муфлисе, ки талабкори ганҷи Қорун аст.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед