Hafez

Сари иродати мо в-остони ҳазрати дӯст

Ғазали 58

Сари иродати мо в-остони ҳазрати дӯст,
Ки ҳар чӣ бар сари мо меравад, иродати ӯст.

Назири дӯст надидам, агарчи аз маҳу меҳр
Ниҳодам ойинаҳо дар муқобили рухи дӯст.

Сабо зи ҳоли дили танги мо чӣ шарҳ диҳад,
Ки чун шиканҷи варақҳои ғунча тӯбартӯст.

На ман сабӯкаши ин дайри риндсӯзаму бас,
Басо саро, ки дар ин корхона сангу сабӯст.

Магар ту шона задӣ зулфи анбарашфшонро,
Ки бод ғолиясой асту хок анбарбӯст.

Нисори рӯйи ту ҳар барги гул, ки дар чаман аст,
Фидои қадди ту ҳар сарвбун, ки бар лаби ҷӯст.

Забони нотиқа дар васфи шавқи мо лол аст,
Чӣ ҷойи килки буридазабони беҳудагӯст?!

Рухи ту дар дилам омад, мурод хоҳам ёфт,
Чаро ки ҳоли накӯ дар қафои фоли накӯст.

На ин замон дили Ҳофиз дар оташи ҳавас аст,
Ки доғдори азал ҳамчу лолаи худрӯст.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед