Hafez

Дорам умеди отифате аз ҷаноби дӯст

Ғазали 59

Дорам умеди отифате аз ҷаноби дӯст,
Кардам ҷиноятею умедам ба афви ӯст.

Донам, ки бигзарад зи сари ҷурми ман, ки ӯ
Гарчи париваш аст, валекин фариштахӯст.

Чандон гиристем, ки ҳар кас ки баргузашт,
Дар ашки мо, чу дид равон, гуфт, к-ин чӣ ҷӯст?

Ҳеч аст он даҳону набинам аз ӯ нишон,
Мӯй аст аст он миёну надонам, ки он чӣ мӯст.

Дорам аҷаб зи нақши хаёлаш, ки чун нарафт
Аз дидаам, ки дам ба дамаш кор шустушӯст.

Бе гуфтугӯй зулфи ту дилро ҳамекашад,
Бо зулфи дилкаши ту киро рӯйи гуфтугӯст?

Умрест, то зи зулфи ту бӯе шунидаам,
З-он бӯй дар машоми дили ман ҳанӯз бӯст.

Ҳофиз, бад аст ҳоли парешони ту, вале
Бар бӯи зулфи ёр парешоният накӯст.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед