Hafez

Он пайки номвар, ки расид аз диёри дӯст

Ғазали 60

Он пайки номвар, ки расид аз диёри дӯст,
Овард ҳирзи ҷон зи хати мушкбори дӯст.

Хуш медиҳад нишони ҷалолу ҷамоли ёр,
Хуш мекунад ҳикояту иззу виқори дӯст.

Дил додамаш ба муждаву хиҷлат ҳамебарам
З-ин нақди қалби хеш, ки кардам нисори дӯст.

Шукри Худо, ки аз мадади бахти корсоз
Бар ҳасби орзуст ҳама корубори дӯст.

Сайри сипеҳру даври қамарро чӣ ихтиёр?
Дар гардишанд бар ҳасаби ихтиёри дӯст.

Гар боди фитна ҳар ду ҷаҳонро ба ҳам занад,
Мову чароғи чашму раҳи интизори дӯст.

Куҳлулҷавоҳире ба ман ор, эй насими субҳ,
З-он хоки некбахт, ки шуд раҳгузори дӯст.

Моему остонаи ишқу сари ниёз,
То хоби хуш киро барад андар канори дӯст.

Душман ба қасди Ҳофиз агар дам занад, чӣ бок?
Миннат Худойро, ки наям шармсори дӯст.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед