Hafez

Равшан аз партави рӯят назаре нест, ки нест

Ғазали 73

Равшан аз партави рӯят назаре нест, ки нест,
Миннати хоки дарат бар басаре нест, ки нест.

Нозири рӯйи ту соҳибназаронанд, оре,
Сирри гесӯи ту дар ҳеч саре нест, ки нест.

Ашки ғаммози ман ар сурх баромад, чӣ аҷаб?
Хиҷил аз кардаи худ пардадаре нест, ки нест.

То ба доман нанишинад зи насимаш гарде,
Селхез аз назарам раҳгузаре нест, ки нест.

То дам аз шоми сари зулфи ту ҳар ҷо назанад,
Бо сабо гуфтушунидам саҳаре нест, ки нест.

Ман аз ин толеъи шӯрида ба ранҷам, в-арна
Баҳраманд аз сари кӯят дигаре нест, ки нест.

Аз ҳаёи лаби ширини ту, эй чашмаи нӯш,
Ғарқи обу арақ акнун шакаре нест, ки нест.

Маслиҳат нест, ки аз парда бурун афтад роз
В-арна дар маҷлиси риндон хабаре нест, ки нест.

Шер дар бодияи ишқи ту рӯбоҳ шавад,
Оҳ аз ин роҳ, ки дар вай хатаре нест, ки нест.

Оби чашмам, ки бар ӯ миннати хоки дари туст,
Зери сад миннати ӯ хоки даре нест, ки нест.

Аз вуҷудам қадаре ному нишон ҳаст, ки ҳаст
В-арна аз заъф дар он ҷо асаре нест, ки нест.

Ғайр аз ин нукта, ки Ҳофиз зи ту нохушнуд аст,
Дар саропои вуҷудат ҳунаре нест, ки нест.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед