Hafez

Ҳосили коргаҳи кавну макон ин ҳама нест

Ғазали 74

Ҳосили коргаҳи кавну макон ин ҳама нест,
Бода пеш ор, ки асбоби ҷаҳон ин ҳама нест.

Аз дилу ҷон шарафи суҳбати ҷонон ғараз аст,
Ғараз ин аст, вагарна дилу ҷон ин ҳама нест.

Миннати Сидраву Тӯбо зи паи соя макаш,
Ки чу хуш бингарӣ, эй сарви равон, ин ҳама нест.

Давлат он аст, ки бе хуни дил ояд ба канор,
В-арна бо саъю амал боғи ҷинон ин ҳама нест.

Панҷ рӯзе, ки дар ин марҳала муҳлат дорӣ,
Хуш биёсой замоне, ки замон ин ҳама нест.

Бар лаби баҳри фано мунтазирем, эй соқӣ,
Фурсате дон, ки зи лаб то ба даҳон ин ҳама нест.

Зоҳид, эмин машав аз бозии ғайрат, зинҳор,
Ки раҳ аз савмаа то дайри муғон ин ҳама нест.

Дардмандии мани сӯхтаи зору низор
Зоҳиран ҳоҷати тақриру баён ин ҳама нест.

Номи Ҳофиз рақами нек пазируфт, вале
Пеши риндон рақами суду зиён ин ҳама нест.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед