Hafez

Кунун, ки медамад аз бӯстон насими биҳишт

Ғазали 79

Кунун, ки медамад аз бӯстон насими биҳишт,
Ману шароби фараҳбахшу ёри ҳурсиришт.

Гадо чаро назанад лофи салтанат имрӯз,
Ки хайма сояи абр асту базмгаҳ лаби кишт.

Чаман ҳикояти урдибиҳишт мегӯяд,
На оқил аст, ки нася хариду нақд биҳишт.

Ба май иморати дил кун, ки ин ҷаҳони хароб
Бар он сар аст, ки аз хоки мо бисозад хишт.

Вафо маҷӯй зи душман, ки партаве надиҳад,
Чу шамъи савмаъа афрӯзӣ аз чароғи куништ.

Макун ба номасиёҳӣ маломати мани маст,
Кӣ огаҳ аст, ки тақдир бар сараш чӣ навишт?!

Қадам дареғ мадор аз ҷанозаи Ҳофиз,
Ки гарчи ғарқи гуноҳ аст, меравад ба биҳишт.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед