Hafez

Эй ғоиб аз назар, ба Худо месупорамат

Ғазали 91

Эй ғоиб аз назар, ба Худо месупорамат,
Ҷонам бисӯхтию ба дил дӯст дорамат.

То домани кафан накашам зери пойи хок,
Бовар макун, ки даст зи доман бидорамат.

Меҳроби абруят бинамо, то саҳаргаҳе
Дасти дуо барораму дар гардан орамат.

Гар боядам шудан суйи Ҳорути Бобилӣ,
Сад гуна ҷодуйӣ бикунам, то биёрамат.

Хоҳам, ки пеш мирамат, эй бевафо табиб,
Бемор бозпурс, ки дар интизорамат.

Сад ҷӯйи об бастаам аз дида дар канор
Бар бӯйи тухми меҳр, ки дар дил бикорамат.

Хунам бирехт в-аз ғами ишқам халос дод,
Миннатпазири ғамзаи ханҷаргузорамат.

Мегиряму муродам аз ин сели ашкбор
Тухми муҳаббатест, ки дар дил бикорамат.

Борам деҳ аз карам суйи худ, то ба сӯзи дил
Дар пой дам ба дам гуҳар аз дида борамат.

Ҳофиз, шаробу шоҳиду риндӣ на вазъи туст,
Филҷумла мекунию фурӯ мегузорамат.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед