Hafez

Чӣ лутф буд, ки ногоҳ рашҳаи қаламат

Ғазали 93

Чӣ лутф буд, ки ногоҳ рашҳаи қаламат
Ҳуқуқи хидмати мо арза кард бар карамат.

Ба нӯги хома рақам кардаӣ саломи маро,
Ки корхонаи даврон мабод бе рақамат!

Нагӯям аз мани бедил ба саҳв кардӣ ёд,
Ки дар ҳисоби хирад нест саҳв бар қаламат.

Маро залил магардон ба шукри ин неъмат,
Ки дошт давлати сармад азизу муҳтарамат.

Биё, ки бар сари зулфат қарор хоҳам кард,
Ки гар сарам биравад, барнадорам аз қадамат.

Зи ҳоли мо дилат огаҳ шавад, магар вақте,
Ки лола бардамат аз хоки куштагони ғамат.

Равони ташнаи моро ба ҷуръае дарёб,
Чу медиҳанд зулоли Хизир зи ҷоми Ҷамат.

Ҳамеша вақти ту, эй Исии сабо, хуш бод,
Ки ҷони Ҳофизи дилхаста зинда шуд ба дамат.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед