Hafez

З-он ёри дилнавозам шукрест бо шикоят

Ғазали 94

З-он ёри дилнавозам шукрест бо шикоят,
Гар нуктадони ишқӣ, хуш бишнав ин ҳикоят.

Бемузд буду миннат, ҳар хидмате, ки кардам,
Ё Раб, мабод касро махдуми беиноят!

Риндони ташналабро обе намедиҳад кас,
Гӯйӣ валишиносон рафтанд аз ин вилоят.

Дар зулфи чун камандаш, эй дил, мапеч, к-он ҷо
Сарҳо бурида бинӣ бе ҷурму бе ҷиноят.

Чашмат ба ғамза моро хун хӯрду меписандӣ,
Ҷоно, раво набошад хунрезро ҳимоят.

Дар ин шаби сиёҳам гум гашт роҳи мақсуд,
Аз гӯшае бурун ой, эй кавкаби ҳидоят.

Аз ҳар тараф, ки рафтам, ҷуз ваҳшатам наяфзуд,
Зинҳор аз ин биёбон в-ин роҳи бениҳоят!

Эй офтоби хубон, меҷӯшад андарунам,
Як соатам бигунҷон дар сояи иноят.

Ин роҳро ниҳоят сурат куҷо тавон баст,
К-аш сад ҳазор манзил беш аст дар бидоят.

Ҳарчанд бурдӣ обам, рӯй аз дарат натобам,
Ҷавр аз ҳабиб хуштар, к-аз муддаӣ риоят.

Ишқат расад ба фарёд, ар худ ба сони Ҳофиз
Қуръон зи бар бихонӣ дар чордаҳ ривоят.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед