Hafez

Рӯзи васли дӯстдорон ёд бод

Ғазали 103

Рӯзи васли дӯстдорон ёд бод,
Ёд бод он рӯзгорон, ёд бод!

Комам аз талхии ғам чун заҳр гашт,
Бонги нӯши шодхорон ёд бод!

Гарчи ёрон фориғанд аз ёди ман,
Аз ман эшонро ҳазорон ёд бод!

Мубтало гаштам дар ин банду бало,
Кӯшиши он ҳақгузорон ёд бод!

Гарчи сад рӯд аст дар чашмам мудом,
Зиндарӯди Боғи Корон ёд бод!

Рози Ҳофиз баъд аз ин ногуфта монд,
Эй дареғо, роздорон ёд бод!

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед