Hafez

Ҳусни ту ҳамеша дар фузун бод!

Ғазали 107

Ҳусни ту ҳамеша дар фузун бод!
Рӯят ҳамасола лолагун бод!

Андар сари мо хаёли ишқат
Ҳар рӯз, ки бод, дар фузун бод!

Ҳар сарв, ки дар чаман барояд,
Дар хидмати қоматат нигун бод!

Чашме, ки на фитнаи ту бошад,
Чун гавҳари ашк ғарқи хун бод!

Чашми ту зи баҳри дилрабоӣ
Дар кардани сеҳр зуфунун бод!

Ҳар ҷо ки дилест, дар ғами ту
Бесабру қарору бесукун бод!

Қадди ҳама дилбарони олам
Пеши алифи қадат чу нун бод!

Ҳар дил, ки зи ишқи туст холӣ,
Аз ҳалқаи васли ту бурун бод!

Лаъли ту, ки ҳаст ҷони Ҳофиз,
Дур аз лаби мардумони дун бод!

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед