Hafez

Акси рӯи ту чу дар ойинаи ҷом афтод

Ғазали 111

Акси рӯи ту чу дар ойинаи ҷом афтод,
Ориф аз хандаи май дар тамаъи хом афтод.

Ҳусни рӯйи ту ба як ҷилва, ки дар ойина кард,
Ин ҳама нақш дар ойинаи авҳом афтод.

Ин ҳама акси маю нақши нигорин, ки намуд,
Як фурӯғи рухи соқист, ки дар ҷом афтод.

Ғайрати ишқ забони ҳама хосон бибурид,
К-аз куҷо сирри ғамаш дар даҳани ом афтод?

Ман зи масҷид ба харобот на худ афтодам,
Инам аз аҳди азал ҳосили фарҷом афтод.

Чӣ кунад, к-аз пайи даврон наравад чун паргор,
Ҳар кӣ дар доираи гардиши айём афтод.

Дар хами зулфи ту овехт дил аз чоҳи занах,
Оҳ, к-аз чоҳ бурун омаду дар дом афтод.

Он шуд, эй хоҷа, ки дар савмаа бозам бинӣ,
Кори мо бо рухи соқию лаби ҷом афтод.

Зери шамшери ғамаш рақскунон бояд рафт,
К-он ки шуд куштаи ӯ, нексаранҷом афтод.

Ҳар дамаш бо мани дилсӯхта лутфе дигар аст,
Ин гадо бин, ки чӣ шоистаи инъом афтод.

Сӯфиён ҷумла ҳарифанду назарбоз, вале
З-ин миён Ҳофизи дилсӯхта бадном афтод.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед