Hafez

Ҳумои авҷи саодат ба доми мо афтад

Ғазали 114

Ҳумои авҷи саодат ба доми мо афтад,
Агар туро гузаре бар мақоми мо афтад.

Ҳубобвор барандозам аз нишот кулоҳ,
Агар зи рӯи ту аксе ба ҷоми мо афтад.

Шабе, ки моҳи мурод аз уфуқ шавад толеъ,
Бувад, ки партави нуре ба боми мо афтад.

Ба боргоҳи ту чун бодро набошад бор,
Кай иттифоқи маҷоли саломи мо афтад?

Чу ҷон фидои лабаш шуд, хаёл мебастам,
Ки қатрае зи зулолаш ба коми мо афтад.

Хаёли зулфи ту гуфто, ки «Ҷон васила масоз,
К-аз ин шикор фаровон ба доми мо афтад!»

Ба ноумедӣ аз ин дар марав, бизан фоле,
Бувад, ки қуръаи давлат ба номи мо афтад.

Зи хоки кӯи ту ҳар гаҳ ки дам занад Ҳофиз,
Насими гулшани ҷон дар машоми мо афтад.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед