Hafez

Ҳар он ки ҷониби аҳли Худо нигаҳ дорад

Ғазали 122

Ҳар он ки ҷониби аҳли Худо нигаҳ дорад,
Худош дар ҳама ҳол аз бало нигаҳ дорад!

Ҳадиси дӯст нагӯям, магар ба ҳазрати дӯст,
Ки ошно сухани ошно нигаҳ дорад.

Дило, маош чунон кун, ки гар билағзад пой,
Фариштаат ба ду дасти дуо нигаҳ дорад.

Гарат ҳавост, ки маъшуқ нагсилад паймон,
Нигоҳ дор сари ришта, то нигаҳ дорад.

Сабо, дар он сари зулф ар дили маро бинӣ,
Зи рӯйи лутф бигӯяш, ки ҷо нигаҳ дорад.

Чу гуфтамаш, ки диламро нигоҳ дор, чӣ гуфт:
Зи дасти банда чӣ хезад, Худо нигоҳ дорад.

Сару зару дилу ҷонам фидои он ёре,
Ки ҳаққи суҳбати меҳру вафо нигаҳ дорад.

Ғубори роҳгузорат куҷост, то Ҳофиз
Ба ёдгори насими сабо нигаҳ дорад?!

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед