Hafez

Дилбар бирафту дилшудагонро хабар накард

Ғазали 140

Дилбар бирафту дилшудагонро хабар накард,
Ёди ҳарифи шаҳру рафиқи сафар накард.

Ё бахти ман тариқи мурувват фурӯ гузошт,
Ё ӯ ба шоҳроҳи тариқат гузар накард.

Гуфтам магар ба гиря дилаш меҳрубон кунам,
Чун сахт буд, дар дили сангаш асар накард.

Шӯхӣ макун, ки мурғи дили беқарори ман
Савдои доми ошиқӣ аз сар бадар накард.

Ҳар кас, ки дид рӯи ту, бӯсид чашми ман,
Коре, ки кард дидаи ман, бе назар накард.

Ман истода, то кунамаш ҷон фидо чу шамъ,
Ӯ худ гузар ба мо чу насими саҳар накард.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед