Hafez

Чӣ мастӣ аст, надонам, ки рӯ ба мо овард

Ғазали 145

Чӣ мастӣ аст, надонам, ки рӯ ба мо овард,
Кӣ буд соқию ин бода аз куҷо овард?

Чӣ «Роҳ» мезанад ин мутриби мақомшинос,
Ки дар миёни ғазал қавли ошно овард?!

Ту низ бода ба чанг ору роҳи саҳро гир,
Ки мурғи нағмасаро сози хушнаво овард.

Дило, чу ғунча шикоят зи кори баста макун,
Ки боди субҳ насими гиреҳгушо овард.

Расидани гулу насрин ба хайру хубӣ бод,
Бунафша шоду каш омад, суман сафо овард.

Сабо ба хушхабарӣ ҳудҳуди Сулаймон аст,
Ки муждаи тараб аз гулшани Сабо овард.

Илоҷи саъфи дили мо карашмаи соқист,
Барор сар, ки табиб омаду даво овард.

Муриди пири муғонам, зи ман маранҷ, эй шайх,
Чаро ки ваъда ту кардию ӯ баҷо овард.

Ба тангчашмии он турки лашкарӣ нозам,
Ки ҳамла бар мани дарвеши якқабо овард.

Фалак ғуломии Ҳофиз кунун ба тавъ* кунад,
Ки илтиҷо ба дари давлати шумо овард.


* Фармонбардорӣ, орзу, майлу рағбат.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед