Hafez

Соқӣ ар бода аз ин даст ба ҷом андозад

Ғазали 150

Соқӣ ар бода аз ин даст ба ҷом андозад,
Орифонро ҳама дар шурби мудом андозад.

В-ар чунин зери хами зулф ниҳад донаи хол,
Эй басо мурғи хирадро, ки ба дом андозад.

Эй хушо давлати он маст, ки дар пойи ҳариф
Сару дастор надонад, ки кадом андозад.

Зоҳиди хом, ки инкори маю ҷом кунад,
Пухта гардад, чу назар бар майи хом андозад.

Рӯз дар касби ҳунар кӯш, ки май хӯрдани рӯз
Дили чун ойина дар занги залом андозад.

Он замон вақти майи субҳфурӯғ аст, ки шаб
Гирди хиргоҳи уфуқ пардаи шом андозад.

Бода бо муҳтасиби шаҳр нанӯшӣ зинҳор,
Ки хурад бодаату санг ба ҷом андозад.

Ҳофизо, сар зи кулаҳгӯшаи хуршед барор,
Бахтат ар қуръа бад-он моҳи тамом андозад.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед