Hafez

Роҳе бизан, ки оҳе бар сози он тавон зад

Ғазали 154

Роҳе бизан, ки оҳе бар сози он тавон зад,
Шеъре бихон, ки бо ӯ ратли гарон тавон зад.

Бар остони ҷонон гар сар тавон ниҳодан,
Гулбонги сарбаландӣ бар осмон тавон зад.

Қадди хамидаи мо саҳлат намояд, аммо
Бар чашми душманон тир аз ин камон тавон зад.

Дар хонақаҳ нагунҷад асрори ишқбозӣ,
Ҷоми майи муғона ҳам бо муғон тавон зад.

Дарвешро набошад барги сарои султон,
Моему куҳнадалқе, к-оташ дар он тавон зад.

Аҳли назар ду олам дар як назар бибозанд,
Ишқ асту дови аввал бар нақди ҷон тавон зад.

Гар давлати висолат хоҳад даре кушудан,
Сарҳо бад-ин тахайюл бар остон тавон зад.

Ишқу шабобу риндӣ маҷмӯаи мурод аст,
Чун ҷамъ шуд маонӣ, гӯйи баён тавон зад.

Шуд раҳзани саломат зулфи ту в-ин аҷаб нест,
Гар роҳзан ту бошӣ, сад корвон тавон зад.

Ҳофиз, ба ҳаққи Қуръон, к-аз шайду зарқ боз ой,
Бошад, ки гӯйи айше дар ин миён тавон зад.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед