Hafez

Гудохт ҷон, ки шавад кори дил тамому нашуд

Ғазали 168

Гудохт ҷон, ки шавад кори дил тамому нашуд,
Бисӯхтем дар ин орзуи хому нашуд.

Ба лоба гуфт: Шабе мири маҷлиси ту шавам,
Шудам ба рағбати хешаш камин ғулому нашуд.

Паём дод, ки хоҳам нишаст бо риндон,
Бишуд ба риндию дурдикашим ному нашуд.

Равост, дар бар агар метапад кабӯтари дил,
Ки дид дар раҳи худ тобу печи дому нашуд.

Бад-он ҳавас, ки ба мастӣ бибӯсам он лаби лаъл,
Чӣ хун, ки дар дилам афтод ҳамчу ҷому нашуд.

Ба кӯйи ишқ манеҳ бе далели роҳ қадам,
Ки ман ба хеш намудам сад эҳтимому нашуд.

Фиғон, ки дар талаби ганҷномаи мақсуд
Шудам хароби ҷаҳоне зи ғам тамому нашуд.

Дареғу дард, ки дар ҷустуҷӯи ганҷи ҳузур
Басе шудам ба гадоӣ бари кирому нашуд.

Ҳазор ҳила барангехт Ҳофиз аз сари фикр,
Дар он ҳавас, ки шавад он нигор рому нашуд.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед