Hafez

Зоҳиди хилватнишин дӯш ба майхона шуд

Ғазали 170

Зоҳиди хилватнишин дӯш ба майхона шуд,
Аз сари паймон бирафт, бар сари паймона шуд.

Сӯфии маҷлис, ки дӣ ҷому қадаҳ мешикаст,
Боз ба як ҷуръа май оқилу фарзона шуд.

Шоҳиди аҳди шабоб омада будаш ба хоб,
Боз ба пиронасар ошиқу девона шуд.

Муғбачае мегузашт, роҳзани дину дил,
Дар пайи он ошно аз ҳама бегона шуд.

Оташи рухсори гул хирмани булбул бисӯхт,
Чеҳраи хандони шамъ офати парвона шуд.

Гиряи шому саҳар, шукр, ки зоеъ нагашт,
Қатраи борони мо гавҳари якдона шуд.

Наргиси соқӣ бихонд ояти афсунгарӣ,
Ҳалқаи авроди мо маҷлиси афсона шуд.

Манзили Ҳофиз кунун боргаҳи подшост,
Дил бари дилдор рафт,ҷон бари ҷонона шуд.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед