Hafez

Дӯш аз ҷаноби Осаф пайки башорат омад

Ғазали 171

Дӯш аз ҷаноби Осаф пайки башорат омад,
К-аз ҳазрати Сулаймон ишрат ишорат омад.

Хоки вуҷуди моро аз оби бода гил кун,
Вайронсарои дилро гоҳи иморат омад.

Ин шарҳи бениҳоят, к-аз зулфи ёр гуфтанд,
Ҳарфест аз ҳазорон, к-андар иборат омад.

Айбам бипӯш, зинҳор, эй хирқаи майолуд,
К-он поки покдоман баҳри зиёрат омад.

Имрӯз ҷойи ҳар кас пайдо шавад зи хубон,
К-он моҳи маҷлисафрӯз андар садорат омад.

Бар тахти Ҷам, ки тоҷаш меъроҷи офтоб аст,
Ҳиммат нигар, ки мӯре бо он ҳақорат омад.

Аз чашми шӯхаш, эй дил, имони худ нигаҳ дор,
К-он ҷодуи камонкаш бар азми ғорат омад.

Олудаӣ ту, Ҳофиз, файзе зи шоҳ дархоҳ,
К-он унсури самоҳат баҳри таҳорат омад.

Дарёст маҷлиси ӯ, дарёб вақту дур ёб,
Ҳон, эй зиёнрасида, вақти тиҷорат омад.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед