Hafez

Мужда, эй дил, ки дигар боди сабо боз омад

Ғазали 174

Мужда, эй дил, ки дигар боди сабо боз омад,
Ҳудҳуди хушхабар аз тарфи Сабо боз омад.

Баркаш, эй мурғи саҳар, нағмаи довудӣ боз,
Ки Сулаймони гул аз боди ҳаво боз омад.

Орифе ку, ки кунад фаҳм забони савсан,
То бипурсад, ки чаро рафту чаро боз омад?

Мардумӣ карду карам бахти худодод ба ман,
К-он бути моҳрух аз роҳи вафо боз омад.

Лола бӯйи майи нӯшин бишунид аз булбул,
Доғдил буду ба уммеди даво боз омад.

Чашми ман дар раҳи ин қофилаи роҳ бимонд,
То ба гӯши дилам овози даро боз омад.

Гарчи Ҳофиз дари ранҷиш заду паймон бишикаст,
Лутфи ӯ бин, ки ба сулҳ аз дари мо боз омад.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед