Hafez

Ҳар кӣ шуд маҳрами дил, дар ҳарами ёр бимонд

Ғазали 178

Ҳар кӣ шуд маҳрами дил, дар ҳарами ёр бимонд
В-он ки ин кор надонист, дар инкор бимонд.

Агар аз парда бурун шуд дили ман, айб макун,
Шукри Эзад, ки на дар пардаи пиндор бимонд.

Сӯфиён воситаданд аз гарави май ҳама рахт,
Далқи мо буд, ки дар хонаи хаммор бимонд.

Муҳтасиб шайх шуду фисқи худ аз ёд бибурд,
Қиссаи мост, ки дар ҳар сари бозор бимонд.

Ҳар майи лаъл, к-аз он дасти булӯрин ситадем,
Оби ҳасрат шуду дар чашми гуҳарбор бимонд.

Ҷуз дили ман, к-аз азал то ба абад ошиқ рафт,
Ҷовидон кас нашунидем, ки дар кор бимонд.

Гашт бемор, ки чун чашми ту гардад наргис,
Шеваи ӯ нашудаш ҳосилу бемор бимонд.

Аз садои сухани ишқ надидам хуштар,
Ёдгоре, ки дар ин гунбади даввор бимонд.

Доштам далқею сад айби маро мепӯшид,
Хирқа раҳни маю мутриб шуду зуннор бимонд.

Бар ҷамоли ту чунон сурати Чин ҳайрон шуд,
Ки ҳадисаш ҳама ҷо бар дару девор бимонд.

Ба тамошагаҳи зулфаш дили Ҳофиз рӯзе
Шуд, ки боз ояду ҷовид гирифтор бимонд.

Андешаатонро баён кунед

Пайгирӣ кунед